22.11.2024
ЭҲТИРОМИ ПАРЧАМ - ЭҲТИРОМИ МИЛЛАТ АСТ
Баъди барҳам хўрдани давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат марҳилаи нав оғоз ёфт. Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои Конститутсия, Нишон ва Парчами миллии нав гардид. Кишварҳои муосири рӯйи замин дорои парчам, нишон ва суруди миллианд. Ин анъана дар замони ташаккули аввалин давлатҳои шарқи бостон бунёд ва тайи қарнҳои минбаъда доман густурдаву то ба даврони мо омада расидааст.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ буда, ифодагари рамзи ҳаёти осоишта, бахту иқболи сафед ва умед ба ояндаи неки мардуми кишвар гардидааст. Парчами миллӣ дар қатори дигар муқаддасот рамзи давлату давлатдории ҳар як миллат ба ҳисоб меравад.
24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб Қонуни Ҷумҳурии Тоҷики-стон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд ва бо ҳамин дар таърихи давлатдории тоҷикон саҳифаи нав оғоз гардид. Соли 2009 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми ноябр ҳамчун Рўзи парчами давлатӣ эълон гардид, ки ҳамасола дар саросари кишвар бо шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатӣ барои пос доштани руҳи онҳоест, ки барои ҳимояи ки-шварамон ҷоннисорӣ намуда, забон, фарҳанг ва ҳуқуқи давлатдории ин миллати таърихиро ҳифз кардаанд. Парчами давлатӣ ҳар фарди бонангу номуси кишварро ба ифтихору сарфарозӣ аз давлату давлат-дорӣ, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва саъю талоши ҳамешагӣ барои ободию озодии кишвар ҳидоят месозад.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки аз се рахи рангаи уфуқӣ иборат аст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он бо рахи поёнӣ - сабз баробар мебошад, рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои ҳар яке аз рахҳои ранга аст. Рӯи рахи сафед дар мобайни парчам бо зарҳал расми тоҷи тансиқшуда ва болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира кашида шудаанд.
Ранги сурх дар парчами мо – ин рамзи мубориза ва ҷонни-сориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – рамзи покӣ, озодагӣ, роҳи сафед ва бахту иқболи нек, ранги сабз – рамзи ҳаёт, сар-сабзиву хуррамӣ, созандагиву бунёдкорӣ мебошад. Дар парчам инчу-нин тасвири тоҷ ва ҳафт ситора ҷой дода шудааст. Тоҷ – рамзи шукӯҳу шаҳомат, рамзи давлат, соҳибдавлатӣ ва истиқлолият аст.
Парчам яке аз муқаддасоти миллии мост, ки дар назди он ҳар фарди бо нангу номӯс савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунанд. Парчам ҳамчун рамзи давлат ба ифтихори дастоварду пирӯзиҳои фарзан-дони фарзонаи миллат, дар нади муассисаҳои давлатӣ ва чорабиниҳо миллию байналмилалӣ, ҳатто дар макони баргузории чорабиниҳои варзишӣ, баробари садо додани Суруди миллӣ барафрохта мешавад.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки имрӯз дар пешгоҳи бинои Соз-мони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи олам Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон партавафшонӣ мекунад.
Аз ин рӯ, арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ эътироф кардани тамоми арзишҳои гузаштаву имрӯз ва фардои миллат аст. Бигузор парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол доимо дар фазои орому осӯдаи кишвари маҳбубамон парафшонӣ намояд.
Хурсанд Илолов - директори Филиали
Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар ВМКБ